Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

© Фото : Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистры обороны РФ и Таджикистана подписали план сотрудничества на 2017 год
Министры обороны РФ и Таджикистана подписали план сотрудничества на 2017 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Вазирони мудофиаи Русия ва Тоҷикистон тадобирҳое, ки ба бартарафсозии таҳдидҳо дар робита ба вазъи Афғонистон нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо вазъи ноороми Афғонистонро баррасӣ кард.
Дар ин бора вазорати дифои Федератсияи Русия хабар медиҳад. Ин суҳбат чанде қабл баргузор шуд ва дар ҷараёни он Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо чораҳои бартараф сохтани таҳдидҳои марбут ба муноқишаи мусаллаҳона дар Афғонистонро муҳокима карданд.
Ғайр аз он, вазирони мудофиа оид ба марзи байни ду ҷумҳурӣ табодули афкор карданд.
"Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон ва тадбирҳои муштаракро барои безарар кардани таҳдидҳои марбут ба пуршиддат шудани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ карданд", - гуфта мешавад дар хабари Вазорати мудофиаи Русия.
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Расонаҳо: ДОИШ ба пойгоҳи артиши Ироқ ҳамла кард
Қаблан вазорати умури дохилаи Афғонистон аз 34 вилояти ин кишвар дар 31-тоаш соати комендантӣ эълон карда буд. Ин тадбирро мақомоти ҷумҳуриявӣ барои маҳдуд кардани ҳаракати аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия ва Тоҷикистон фаъолияти он мамнӯъ аст, роҳандозӣ кард.
Вақти комендантӣ аз соати 22:00 то 04:00 ба вақти маҳаллӣ амал мекунад. Вазорат илова кард, ки вилоятҳои Кобул, Нангарҳор ва Панҷшер аз маҳдудиятҳо озод карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи май дар Афғонистон муноқишаи мусаллаҳона байни Толибон* ва нерӯҳои давлатӣ идома дорад. Ба гуфтаи ҷангиён, дар ҳоли ҳозир онҳо то 85% қаламрави кишварро таҳти назорат доранд.
Бо оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон вазъ бадтар шуд. Қаблан роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден гуфта буд, ки то моҳи август сарбозони худро аз хоки ин кишвар берун меорад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала