Бо супориши Раҳмон ба вазири хориҷаи Русия бо Нишони фахрии СААД супурда шуд

© Пресс-служба ОДКБГенсек ОДКБ вручил Сергею Лаврову почетный знак ОДКБ
Генсек ОДКБ вручил Сергею Лаврову почетный знак ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Станислав Зас дабири кулли СААД ба Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия нишони фахрӣ супурд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), дабири кулл ин созмон Станислав Зас ба вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров нишони фахрии СААД-ро тақдим кард, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти СААД.
Гуфта шудааст, ки ҳамзамон муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко низ ба нишони фахрии дараҷаи II СААД мукофотонида шудааст.
Қарор дар бораи нишони фахрӣ ба Сергей Лавров ва Андрей Руденко дар иҷлосияи моҳи декабри Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2020 қабул карда шуд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Нигаронии Сергей Лавров аз вазъи Афғонистон: авзоъ бадтар мешавад
Ҷоиза саҳми назарраси онҳоро дар таҳкими амнияти дастаҷамъӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои узви СААД инъико мекунад.
Инчунин тибқи иттилои хадамоти матбуот, рӯзи 22 июл гуфтугӯи телефонӣ байни Станислав Зас ва Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Зимни гуфтугӯи телефонӣ масъалаҳои мубрам оид ба фаъолияти Созмон ва ҷараёни омодагӣ ба иҷлосияи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала