Толибон*: то замоне, ки Ғани сари қудрат аст дархости оташбас пазируфта нахоҳад шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Обуна шудан
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар эълом кард, ки қабл аз пазириши оташбас тавасути ин гурӯҳ бояд дар бораи давлати ҷадид, ки мавриди қабули ҳама тарафҳо дар Афғонистон бошад тавофуқ шавад
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Сӯҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* ва узви гурӯҳи музокиракунанда, дар бораи шартҳои гурӯҳ барои қабули оташбас гуфт: "Толибон замоне силоҳҳои худро бар замин мегузоранд, ки як давлати бархоста аз музокирот дар Афғонистон эҷод шавад ва барои ҳама тарафҳои даргир қобили пазириш бошад, ҳамчунин давлати кунунӣ низ аз қудрат каноргирӣ кунад.
Шоҳин ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки мо ба инҳисори қудрат бовар надорем, зеро ҳар давлате, ки дар гузашта қудратро дар Афғонистон инҳисор кард, мувофиқ набудааст ва онҳо намехоҳем ба хатогиҳои пешина роҳ диҳанд.
Ин узви аршади Толибон ба дархости давлати Афғонистон барои оташбас гуфт, ки дар шароите, ки Ашраф Ғанӣ сари қудрат аст ин барои мо монанд ба дархости таслимшудан аст ва гуфт: "Онҳо сулҳро намехоҳанд, онҳо таслим шудан мехоҳанд."
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
ВКХ Русия: ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад
Вай афзуд, ки қабл аз ҳама гуна оташбас бояд дар бораи ҳукумати нав, ки барои Толибон* ва тарафҳои дигари Афғонистон қобили қабул аст, созиш ҳосил шавад ва дар чунин шароит ҷанг идома нахоҳад ёфт.
Шоҳин идома дод, ки пас аз ташкили ҳукумати нав дар Афғонистон занон ҳуқуқи кор, таҳсил ва иштирок дар фазои сиёсиро бо риояи ҳиҷоб ба даст меоранд ва аз онҳо ҳамроҳии мард барои тарки хона талаб карда намешавад.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0