Дар ВМКБ борону дар Хатлон чангу ғубор: пешгӯии обуҳово дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев"Афганец" накрыл Душанбе, архивное фото
Афганец накрыл Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Маркази обуҳавосанҷҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз обу ҳавои кишвар камабр ва тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамзамон ҳаво дар вилояти Суғд камабру тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Дар қисмати ҷанубии вилоят чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Ҳушдори обуҳавошиносон: эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала