Қаллобӣ: зан мошини гаронбаҳоро азхуд карду мард 10 ҳазор доллар гирифту надод

CC BY-SA 4.0 / Alexander Migl / Toyota Camry
Toyota Camry - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Ҳодисаи қаллобӣ яке аз дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, ки дар аввалӣ зан ва дар дуввуми марди 37 - сола муттаҳам дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кормандони милиса аз ду ҳолати қаллобӣ дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат хабар медиҳанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, қаллобии нахуст дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Ба ШВУД дар шаҳри мазкур як марди 33 - сола муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ як зан ӯро фиреб додааст.
Номбурда изҳор дошт, зани 41 - сола, ки сокини деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мебошад, автомашинаи ӯ, тамғаи "Кемри-3" -ро 110 ҳазор сомонӣ нарх гузошта гирифтааст.
"Аз ин маблағ танҳо 50 ҳазор сомониро ба соҳибаш оварду халос", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.
Девушка закрывает лицо руками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Фиребхӯрии ду мард аз зани 46 - сола: 780 ҳазор сомонии онҳоро муфт азхуд кард
Инчунин як ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтодааст. Ин навбат ба ШВУД - 1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 60 - сола муроҷиат намуд, ки дар доми фиреби як марди 37 - сола, аз ноҳияи Файзобод афтодааст.
Ба нақли муроҷиаткунанда , сокини ноҳияи Файзобод моҳи январи соли 2012 аз ӯ 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати марди 37 - сола, тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала