Мотам дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ: додари сароянда даргузашт

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Сабаби даргузашти бародари сарояндаи шинохтаи тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ маълум нест
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар хонаводаи овозхони тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ мотам аст, додари 38 - солаи сароянда Саидҷаъфар аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора Сарвиноз дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст, вале сабаби вафоти додарашро шарҳ надодааст.

"Марги ту ай додари ғурамаргам ҷисму ҷонамро сӯхт. 38 ин ширинии умри ту буд азизи дили апа. Ҳоло сӯзиши Модар аз дилам нарафта буд ту бошӣ ба рафтанат дар захмҳои тозаям намак пошидӣ ширинсухани апа. Шунидам ки падару модар мири мерос аст , аммо фарзанди падар тири алмос будааст", - навиштааст сароянда.

Сарвиноз аз хислатҳои ҳамидаи додараш ёд карда, барояш аз даргоҳи Парвардигор раҳмату мағфират талаб кардааст.
Фарҳангиёни тоҷик бо Сарвиноз Юсуфӣ ҳамдардӣ карда ба ӯ ва хонаводаву ёру дӯстонаш сабти ҷамил хостаанд.
Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин фоҷиа дар давоми ним сол дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ мебошад.
Моҳи феврали соли равон ӯ модари худро аз даст дода буд, ки бемории саратон дошт.
Сарвиноз аз маризии модараш дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфта буду, ровии барнома Орзу Исоевр ҳам бо нақли ҷонкоҳаш гирён карда буд.

“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд. Бештари вақт ҳамроҳи ман аст”, - нақл карда буд овозхон дар ҳоле, ки аз аввал то охири мусоҳиба ашк мерехт.

Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар гуфта буд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад.
Орзу Исо, рӯзноманигор ва шоири тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2020
"Модарам саратон дорад": гиряи Орзу Исо аз суҳбати пурдарди Сарвиноз Юсуфӣ-видео
Ба нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала