Аз терроризм то одамфурӯшӣ: генерал Раҳимзода бо сафири Туркия ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© сомонаи Вазорати умури дохилии ТоҷикистонРамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Душанбе
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нахуст генерал-полковник Раҳимзода оқои Эмре Зеки Карагёлро бо таъйинаш ба мақоми сафирӣ табрик карда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Ба иттилои ВУД, генерали тоҷик ва сафири Туркия густариши ҳамкориҳоро дар бахши амниятӣ баррасӣ намудаанд.
"Ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо инчунин хостори мубодилаи иттилооти оперативӣ шудаанд. Ҳамчунин дар мавриди таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Женщина, занимающая проституцией, у дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2017
Зани 24-сола сокини ноҳияи Бӯстонро ба танфурӯшӣ дар Туркия ҷалб кард
ВУД таъкид намудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Таъкид ба харидуфурӯши одамон дар ин мулоқот дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик аз ҳолатҳои ҷалби занону бонувони тоҷик ба истисмори шаҳвонӣ дар Туркия ва бархе кишварҳои арабӣ иттилоъ дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала