КҲФ: заминларзаи охир дар Рашт хисороте нагузошт

© AP / Marco UgarteСейсмический график, архивное фото
Сейсмический график, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, бар асари заминларзаи ахир дар ноҳияи Рашт ягон хисорот ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон соати 00:31-и рӯзи 25-уми июл дар шарқи ҷумҳурӣ заминҷунбиро ба қайд гирифтааст.
Тибқи иттилои КҲФ, маркази зилзила дар 165 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 киломатр шимолтар аз маркази ноҳияи Рашт буда, қувваи зилзила дар марказаш 3-4 балл ва дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Министр образования и науки Мухаммадюсуф Имомзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Шахсан рафтам: Имомзода гуфт, чанд мактаб дар Рашт аз заминларза хароб шуд
Ин бори чандум аст, ки шарқи Тоҷикистонро заминларза такон медиҳад. Заминларзаи пурқурбонӣ субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти Душанбе дар ноҳияи Тоҷикобод рух дод, ки қувваи он дар марказ ҳудуди 5,9 бал арзёбӣ шуда буд.
Бар асари ин офати табиӣ, панҷ сокини деҳаи Бӯстон, собиқ деҳаи Кӯли болои ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин даҳҳо хона дар деҳоти Тоҷикободу Рахш хароб гардиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи махсусе таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзодаро ташкил кард, ки ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза машғул мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала