Тоҷикистон ба пеш! Дилшод Назаров мунтахаби олимпиро рӯҳбаланд кард - видео

© © Sputnik / Амир ИсаевОлимпийский чемпион Дилшод Назаров
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Обуна шудан
Гурзандози тоҷик ва қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров аз суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда мунтахаби олимпии Тоҷикистонро рӯҳбаланд кард
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Дилшод Назаров тариқи навори видеоӣ ба олимпичиёни тоҷик муроҷиат намуд.

"Вақте шумо болои ринг ё гилем мебароед, фаромӯш накунед, шумо танҳо нестед. Чуноне пешвои миллат гуфт, пушти шумо 9 миллион мухлис ва президенти шумо Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бо шумоем. Тоҷикистон ба пеш!", - мегӯяд Дилшод Назаров.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ташхиси мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз COVID -19 дар Токио маълум шуд: мусбат ё манфӣ
Қаблан аз иштироки 11 варзишгар хабар дода шуд, вале Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик ба далели бардоштани ҷароҳат натавонист дар ин бозиҳо ҳузур пайдо кунад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август идома мекунад.
Сабқат барои варзишгарони тоҷик рӯзи 24 июл оғоз шуд. Бояд гуфт, ки аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Рустами Эмомалӣ барои ҳар медали олимпӣ хона туҳфа мекунад: аз ду то чорҳуҷрагӣ
Қаблан ҳарифони ҷудоҷиёни тоҷик низ маълум гардиданд. Нахуст аз миёни ҷудочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба майдон мебарояд. Мусобиқаи ӯ рӯзи 26 июл соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳарифи ӯ Аҳмад Аликай мебошад, ки намояндаи Дастаи мунтахаби гурезаҳо аст.
Рӯзи 27 июл, Акмал Муродов бо ҳарифи худ Ҷоштер Эндрю аз Гуам вориди майдони қувваозмоӣ мешавад.
Пойҳои дарози Темур Раҳимов: паҳлавони тоҷик дар кати ҷопонӣ нағунҷид - видео
Рӯзи баъдӣ мусобиқаи Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Фаронса Алекс Клергет баргузор мегардад. Ва ниҳоят рӯзи 30 июл намояндаи охирони Тоҷикистон дар риштаи дзюдо Темур Раҳимов бо ҳарифи худ аз Куба, Эндӣ Гранда қувваозмоӣ мекунанд.
Муҳорибаи ҳамаи дзюдочиёни тоҷик соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир хоҳад шуд.
Дилшод Назаров из Таджикистана на чемпионате Азии по легкой атлетике в Дохе, Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2019
Алорағми баҳси допинг: Дилшод Назаров ҳамоно беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд
Ногуфта намонад, ки қаҳрамони олимпии тоҷик Дилшод Назаров аз ширкта дар олимпиада маҳрум карда шуд.
Муҳлати маҳрум сохтани қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров аз 24 сентябри соли 2019 ба ҳисоб гирифта мешавад. Ӯ метавонад ба мусобиқаҳо моҳи октябри соли 2021 баргардад.
Лентаи хабарҳо
0