Нигаронии Агентӣ: деҳқонҳо пули обёриро намедиҳанд

© Пресс-служба президента РТПосадка картофеля в Согдийской области
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯяд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаққи обрасониро саривақт пардохт намекунанд ва ин боиси афзоиши қарзи ин Агентӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Баҳриддин Сироҷиддинзода, ноиби аввали раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон қарзи корхонаҳои ин ниҳодро аз ҳаққи барқ наздики 322 миллион сомонӣ гуфт.
Ба иттилои Агентӣ, бо истифодаи наздики 9 миллион кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз 424 дастгоҳи обкашию 67 чоҳи амудӣ барои таъмини обрасонӣ фаъолият доранд.
Сироҷиддинзода мегӯяд, тайи шаш моҳи аввали соли равон идораҳои Агентии беҳдошти замину обёрӣ бо беш аз 60 ҳазор истифодабаранда барои обёрӣ намудани беш аз 545 ҳазор гектар шартнома баста, 1 миллиарду 981 миллион метри мукаабро расондааст.
Майдони пахтазор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2015
Чин барои обёрии заминҳо дар Хатлон $300 миллион сармоягузорӣ мекунад
Манбаъ арзиши ин миқдор оби расондаро 38,2 миллион сомонӣ гуфт, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ саривақт пардохт намегардад.
Масъулини Агентӣ мегӯянд, дар маҷмуъ қарзи истифодабарандагони об 152,68 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қисме аз онро бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерӯёнанд. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои рӯёндани 19,66 миллион сомонӣ аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, то ҳол беш аз 4 миллион сомонӣ қарз бо ҳамин восита ситонда шудаанд.
Мушкили дигари ин Агентӣ қарздорӣ аз барқ арзёбӣ мешавад, бо назардошти қарзи солҳои пешин то охири нимсолаи аввали соли равон ба 321,9 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала