Қарорҳои Ҳукумат барои захира ва арзонӣ: Раҳмон теъдоди мақомдоронро 30% афзоиш дод

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат теъдоди мақомдоронеро, ки бо захираҳои моддии давлат сарукор мегиранд, афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумат теъдоди кормандони Агентии захираҳои моддии давлатиро ҳудуди 30 дарсад афзоиш дода, 45 нафар муқаррар намуд. Таъкид шудааст, ки шумораи ниҳоии кормандони Агентии захираҳои моддӣ бе ҳайати хизматрасон 45 нафар мебошад. Пештар ин теъдод 34 нафарро ташкил медод.
Таваҷҷуҳ ба Агентӣ ва захираҳои давлатӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли мушкил ҳушдор дода, аҳолиро ба кишти ҳарчи бештар ва захира кардани маводи ғизоӣ даъват намуда буд.
Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, нархҳоро дар Иди Қурбон таҳти назорат мегиранд
Қаблан Ҳукумат ва парлумон ба Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон иҷозат доданд, ки бархе маҳсулоти аввалиндараҷаи озуқаворӣ ва сӯзишвориро бидуни пардохти боҷ, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда ворид намуд. Масъулин ҳадафи ин иқдомро таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзёбӣ карданд.
Ин иқдоми Ҳукумат барои захирасозӣ ва таъмини фарвонию нархи нисбатан арзон дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ мегӯянд. То ҳол аз таъсири ин иқдом ба бозору нарх гузорише пешниҳод нашудааст.
Одатан Агентии захираҳои моддӣ дар ҳолатҳои болоравии якбораи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби захираҳояш моли нисбатан арзонро пешниҳод мекунад, то аз шиддати иҷтимоӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0