Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов муштзан аз Ӯзбекистон шуд

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанБаходур Усмонов стал чемпионом по боксу
Баходур Усмонов стал чемпионом по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Элнур Абдураҳимов, муштзани ӯзбекистонӣ, рақиби муғулистонияш Чинзогир Баатарсухро шикаст дода, дар даври баъдӣ бо варзишкори тоҷик Баҳодур Усмонов вориди майдон мешавад
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило рақибаш аз Доминикан Леонел Сантос Нунезро шикаст дод, дар даври баъдӣ бо муштзани ӯзбекистонӣ Элнур Абдураҳимов зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Интизор меравад, ки сабқати Усмонови 23 – сола ва Абдураҳимови 27 – сола рӯзи 31 июл баргузор гардад.
Аз миёни муштзанҳои тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 81 кило аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо, вазни то 73 кило вориди майдон мешавад. Оғози мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе ва сабқати ниҳоӣ соати 13:00 дар назар аст.
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Тоҷикистон ба пеш! Дилшод Назаров мунтахаби олимпиро рӯҳбаланд кард - видео
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ёдрас намуд, ки барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш ва ҳудуди (50 равияи варзиширо дар бар гирифта, 11 ҳазору 324 варзишгар тайи 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо зӯрозмоӣ менамоянд.
Аввалин медали тиллои олимпиро 24 июл – варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. То ҳол варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио даст ёфтаанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала