Рӯзи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум шуд

© Flickr / Chris PriceВид на Ашхабад, архивное фото
Вид на Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Пештар хабар дода шуд, ки мулоқот моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад, вале таърихи дақиқи баргузории он маълум набуд
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон дар як гуфтугӯи телефонӣ омодагии ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Ҳамин тавр, ин нишаст дар минтақаи сайёҳии "Аваза" -и Туркманистон рӯзи 6 август баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Аввал қарор буд, ки саммити кишвардорони Осиёи Марказӣ моҳи августи соли гузашта дар Бишкек баргузор шавад. Аммо, пандемия тағйироти худро ворид кард ва қарор шуд, ки мулоқот то тирамоҳи соли 2020 ва сипас то августи соли 2021 мавқуф гузошта шавад.
Фонтаны в Бишкеке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Бишкек мизбони нишасти баъдии сарони ИДМ
Дар Конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Пайвасти минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо", Шавкат Мирзиёев эълон кард, ки ин нишаст моҳи август ба нақша гирифта шудааст. Аммо, то имрӯз рӯзи дақиқи баргузории он маълум набуд.
Ёдрас мешавем, ки нахустин мулоқот дар формати зикршуда, моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, дуввум - моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд гузашт.
Қарор шуд, ки нишасти президентҳои кишвраҳои Осиёи Марказӣ соле як маротиба баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала