Шикасти Негматуллоев дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020: аз идомаи рақобат маҳрум шуд

© Национальный олимпийский комитет РТБоксер Шаббос Негматуллоев
Боксер Шаббос Негматуллоев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 бебарор оғоз кард
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Шаббос Негматуллоев дар даври 1\16 ниҳоӣ мағлуб гардид ва ҳамин тавр, аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.
Муштзани тоҷик дар вазни то 81 кило аз рақиби чиниаш Даксианг Чен шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр, Шаббос аз идомаи рақобат дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 маҳрум шуд.
Баходур Усмонов в поединке с Александром Железняком в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Нахустин пирӯзии Тоҷикистон дар Токио: Баҳодур Усмонов ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт
Бояд гуфт, муштзани дигари тоҷик - Баҳодур Усмонов хушбахтона рақобаташро бобарор оғоз кард.
Пойҳои дарози Темур Раҳимов: паҳлавони тоҷик дар кати ҷопонӣ нағунҷид - видео
Усмонов дар даври аввали сабқати муштзанӣ дар вазни то 63 кило муштзан аз Ҷумҳурии Доминикана - Леонел де Лос Сантосро мағлуб карда, ба даври ҳаштякфиналии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёф.
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Тоҷикистон ба пеш! Дилшод Назаров мунтахаби олимпиро рӯҳбаланд кард - видео
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.
Қаблан ҳарифони ҷудоҷиёни тоҷик низ маълум гардиданд.
Нахуст аз миёни ҷудочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба майдон мебарояд. Мусобиқаи ӯ рӯзи 26 июл соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ҳарифи ӯ Аҳмад Аликай мебошад, ки намояндаи Дастаи мунтахаби гурезаҳо аст.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ташхиси мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз COVID -19 дар Токио маълум шуд: мусбат ё манфӣ
Рӯзи 27 июл, Акмал Муродов бо ҳарифи худ Ҷоштер Эндрю аз Гуам вориди майдони қувваозмоӣ мешавад.
Рӯзи баъдӣ мусобиқаи Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Фаронса Алекс Клергет баргузор мегардад. Ва ниҳоят рӯзи 30 июл намояндаи охирони Тоҷикистон дар риштаи дзюдо Темур Раҳимов бо ҳарифи худ аз Куба, Эндӣ Гранда қувваозмоӣ мекунанд.
Муҳорибаи ҳамаи дзюдочиёни тоҷик соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала