Сокинони Тахор дар Кобул зидди "Толибон"* эътироз карданд: шимолро тарк кунед - видео

Дар пойтахти Афғонистон мардуми маҳаллӣ ҷамъ омада мухолифати худро зидди забти вилоятҳои шимолӣ аз ҷониби "Толибон"*, нишон медиҳанд
Дар Афғонистон мардуми осоишта барои эътироз бар зидди ишғол намудани вилоятҳои шимолӣ аз ҷониби "Толибон"* ба кӯчаҳо баромаданд.
Аксияро дар шаҳри Кобул сокинони Тахор ташкил карданд. Мардум хаймаи махсусе сохта гирду атрофи он, шиорҳо овезон кардаанд.
Нашри навори амалиёти нерӯҳои афғон алайҳи Толибон*
Ин гирдиҳаомӣ осоишта аст, аммо ҳадафҳои сокинони шимоли Афғонистон комилан қатъӣ мебошанд.
Эътирозгарон талаб доранд, ки "Толибон"* аз манотиқи ишғолкардаашон хориҷ шаванд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: сулҳ ба Афғонистон бо гирифтани вулусволиҳо намеояд - видео
Инчунин, сокинони Афғонистон ба ҳукумати худ барои сарнагун кардани "Толибон"* ва бозгардонии манотиқи ишғолкарда муроҷиат намуданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала