Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Толибон"* барои мубориза бо коронавирус кумак мехоҳанд

© Sputnik Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Вазъи тандурустӣ дар Афғонистон вазнин боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Ҷунбиши "Толибон"* ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ муроҷиат кардааст, ки дар мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Афғонистон кумак кунанд.
Дар ин бора намояндаи дафтари сиёсии "Толибон"* дар Қатар Сӯҳайл Шоҳин ба РИА Новости хабар додааст.
"Феълан мо тамоми манотиқи рустоии Афғонистонро таҳти назорат дорем, ниёз ба кумаки тиббӣ вуҷуд дорад. Мо аз тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ даъват мекунем, ки дар мубориза бо пандемияи коронавирус кумакамон кунанд", - гуфт ӯ.
Сухангӯи "Толибон"* инчунин гуфт, ки дар ин минтақаҳо доруҳо ва дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ намерасад.
"Комиссия хабар дод, ки онҳо барои огоҳ кардани аҳолӣ тамоми чораҳоро меандешанд, аммо доруҳо ва ваксинаҳои зарурӣ барои мубориза бо сирояти паҳншударо надоранд", - афзуд Шоҳин.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
СРУ имкони пирӯзии "Толибон"* бар ҳукумати Афғонистонро арзёбӣ кард
Бояд қайд кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукмронии "Толибон"*-ро дар минтақаҳои забтшуда эътироф намекунад.
Дар музокироти ахири Кобул ва ҳайати "Толибон"*, дар бораи таъмини амнияти табибони давлатӣ, ки бо ваксингузаронӣ машғуланд, созиш ҳосил шуд.
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
Ёдрас мешавем, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии MSNBC гуфт, ки агар "Толибон"* қудратро дар кишвар бо зӯрӣ ба даст оранд, дастгирии байналмилалӣ нахоҳанд гирифт.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала