Даҳшат: се наврас дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт ноболиғи 15 - соларо то дами марг кӯфтанд

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузаштан ба хазинаи аксДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Ноболиғони 13, 14 ва 15 - сола дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт, навраси 15 - соларо то дами марг латукӯб намуданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҳодисаи даҳшатбори қатли навраси 15 - сола аз сӯи ҳамсолони ӯ иттифоқ афтодааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба кормандони пулис марди 59 - солаи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки набераи 15 - солаи ӯро се наврас то дами марг шадидан кӯфтанд.
Ба нақли арзкунанда, ҳодисаи нохуш нисфирӯзи 24 июл, тахминан соати 12:30 дақиқа дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт сурат гирифт.
Ба таъкиди сокини пойтахт, наврасон набераи ӯро бидуни асос латукӯб намуда ба марг расонданд.
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Боз куштор: ҷавони 20 -сола дар Рашт ҳамдеҳаашро корд зад
Дар ҳамин ҳол, кормандони милиса, ба гумони содир намудани ин ҷиноят ноболиғони 13, 14 ва 15 - соларо дастгир намуданд, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи мазкурро муфассал шарҳ надодааст, танҳо зикр гардидааст, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқу санҷиш қарор дорад.
Манбаъ ҳамзамон аз як ҳодисаи кордзанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ки хушбахтона оқибати он ба марг наанҷомидаст.
ВКД: марди солхӯрда домодашро, ки бародарзодааш мебошад, корд зад
Бар хабари манбаъ, рӯзи 23 июл, тахминан соати 19:00 дақиқа дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии "Меҳр", сокини 27 - солаи ноҳияи Мастчоҳ бо ҳаммаҳаллӣ 25 - солаи худ вориди муноқиша шуда, бо корд як маротиба ба қафаси синаи охирон зарба расондааст.
Тибқи зулосаи ташхиси судӣ - тиббӣ, ҷароҳати бардошта зарари вазнин ба саломатӣ гуфта мешавад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала