Хонаводаи ангишткани заҳролудшуда дар Шӯроб ҳармоҳа ҷубронпулӣ мегирад

Уголь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Раёсати корхонаи “Ангишт” – и шаҳраки Шӯроби Исфара мегӯяд, ба хонаводаи Абдуманон Тошбоев, ангишткани ҳалокшуда дар ҷои кор ҷубронпулӣ пардохт мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Барои хонаводаи Абдуманнон Тошбоев, сардори ҳавзаи кони ангишти “Шӯроб”, ки ахиран бар асари хориҷшавии газ дар ҷои кор ба ҳалокат расид, 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ҷудо гардидаст, хабар дод мудири кулли ҶСК “Ангишт”, Насим Каримов.
Каримов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҶСК “Ангишт” - и шаҳри Исфара барои хонаводаи Тошбоеви марҳум 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ҷудо намуда, ҳоло 5 ҳазор сомонӣ ва ё аз даҳ як ҳиссаи маблағро ба ҳамсари марҳум супоридааст.
Абдуманон Тошбоеви 61-сола, ки роҳбарии ҳавзаро ба уҳда дошт, баъди зуҳри 24 июл дар қитъаи ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари хориҷшавии газ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.
“Ҳамаи кормандон бо кумаки ҳамкорони ҶСК “Ангишт” ва қисми наҷотдиҳии кӯҳӣ аз ҷойи ҳодиса берун карда шуданд, вале сардори ҳавзаро наҷот дода натавонистанд. Аз сабаби зиёд заҳролуд шудан, Тошбоев Абдуманнон Қаюмович, ба ҳалокат расид”, - изҳор дошт Каримов.
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Нохушӣ дар ҷои кор: 6 нафар фавтидаанду 8 нафар маҷруҳ шудаанд
Ӯ таъкид намуд, ки 45 ҳазор сомонии боқимонда ҳар моҳ ба хонаводаи марҳум супорида мешавад. Тошбоев дар оила ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш зиндагӣ мекард.
Мудири кулли ҶСК “Ангишт” вазъи феълӣ дар конро шарҳ дода, афзуд, ки бо гузашти ду рӯз аз хориҷшавии гази зеризаминӣ, паёмадҳои он бартараф шуда, корхона аз 27 июл дубора ба кори худ шурӯъ мекунад.
Кони ангишт дар Шӯроб яке аз бузургтаринҳо дар шимоли Тоҷикистон буда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва аҳолӣ истифода мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала