Ҳушдори обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон

© PixabayСелевой поток
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда баландшавии ҳарорат ва омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво 26-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
"27-30 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр дар як сония дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд", - омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Гуфта мешавад, 26-29 июл дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин вазъият метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Ҳавошиносон паст шудани ҳароратро то охири июл пешбинӣ мекунанд
Агентӣ мегӯяд, баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шарқии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои шарқии ВМКБ боқӣ мемонад.
Манбаъ мегӯяд, дар ҳамин давра мувофиқи ҳисобҳои пешакии вазъи обу ҳаво сатҳи баландшавии нурҳои ултрабунафш пас аз нисфирӯзӣ боқӣ хоҳад монд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала