Дар Афғонистон ҷангҳои шадид барои минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон идома доранд

© REUTERS / OMAR SOBHANIВооруженный человек, выступающий против восстания талибов
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон давоми як соат ҳам аз дасти Толибон* гирифта шуду, боз аз назорати неруҳои ҳукуматӣ ба ҷониби Толибон гузашт
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Калдор, минтақаи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, вазъияти басо ноорому печида дорад.
Субҳи рӯзи 26 июл хабаргузории TOLO News иттилоъ дод, ки неруҳои ҳукуматии Афғонистон тавонистанд ин минтақаро аз дасти Толибон бозпас бигиранд.
Аммо давоми як соат вазъият куллан дигар шуд. Sputnik Афғонистон хабар дод, ки намояндаи расмии ҳаракати Толибон, Забеуллоҳ Муҷоҳид дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки ҷангиёни Толибон* ин минтақаро дигарбора аз дасти неруҳои ҳукуматӣ гирифтанд.
Ба таъкиди ӯ, зимни набарди шадид, дасти кам 6 низомии афғон кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд.
Нерӯҳои урдуи миллии Афғонистон вулусволии Калдорро озод карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷанг барои Шимол: як вулусволӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон озод шуд
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Калдор дар музофоти Балх ҷойгир буда бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Бар тибқи охирин хабарҳо, ҷангиёни Толибон* қаламрави беши Афғонистонро ба тобеияти худ даровардаанд.
Аммо маълумоте, ки ҳукумати Кобул нашр мекунад, хабари забти қаламрави зиёд аз ҷониби Толибонро рад мекунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала