Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эълони омори нави гирифторӣ, марг ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон як ҳолати марг аз вируси корона дар давоми 24 соати гузашта ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир 74 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст, ки 4 ҳолат нисбат ба рӯзи гузашта кам аст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 87 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 74 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд", - гуфтааст, Вазорати тандурустӣ,
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14592 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14096 нафар (96,5%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон бо изофаи як фавтидаи дигар, теъдоди қурбониёни бемории мазкур ба 117 нафар мерасад.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 116 боқӣ монааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Муовини раиси ВМКБ гирифтори коронавирус шуд: Ӯ гуфт, "ваксина гирифтаст" - акс
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум ду намуд ваксин AstraZeneca ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи ваксинзанӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0