Раҳмон ба Си Ҷинпин изҳори ҳамдардӣ кард

© AP / Mark SchiefelbeinПредседатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Президенти Тоҷикистон ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадидро ба раисҷумҳури Чин таслият гуфт
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Чин Си Ҷинпин барқияи таслият ирсол кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар Чин ба Ҷинпин изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид, ки харобиҳои зиёдро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид", - таъкид кардааст президенти Тоҷикистон дар барқияи таслият.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам".
Затонувший вагон метро в Чжэнчжоу в провинции Хэнань в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Дар Чин ҳангоми обхезӣ метро зери об монду 12 нафар ҷон бохтанд - видео аз дохили вагон
Ёдрас мешавем, дирӯз, 25 июл дар Чин тӯфони шадиди Ин-фа баъзе музофотҳои соҳилиро фалаҷ кард.
Дар музофоти Чжэцзян вазиши шамол ба 137 км / соат расид. Аз ин сабаб, ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, инчунин киштиҳо, аз ҷумла бандарҳои калон дар Шанхай ва Нинбо боздошта шуданд.
Ин - фа шашумин тӯфон аст, ки имсол дар Чин сабт шудааст. Вай дар нимаи аввали 25 июл рух дод.
Тибқи маълумоти ҳавошиносон, шамол вилоятҳои Чжэцзян, Цзянсу, Анхуй ва шаҳри Шанхайро фаро гирифт.
Қаблан обхезӣ дар музофоти Хэнани Чин 58 нафарро кушт ва панҷ нафари дигар бедарак шуданд. Тибқи маълумоти охирин, обхезӣ дар Хэнан дар маҷмӯъ беш аз 9 миллион нафар дар музофотро фаро гирифтааст.Мақомоти Чин барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ тақрибан 15 миллион доллар ҷудо кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала