Русия вуруди муҳоҷиронро сода мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешГраждане Узбекистана ждут самолета в терминале аэропорта Внуково
Граждане Узбекистана ждут самолета в терминале аэропорта Внуково - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар омодасозии чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд, метавонанд бидуни гирифтани иҷозатномаи махсус ба қаламрави Русия ворид шаванд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Барои муҳоҷироне, ки дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд, вуруд ба Русия осонтар хоҳад шуд. Дар ин бора Владимир Груздев, сардори Раёсати Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар дод.
Лоиҳаи дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқ шудааст. Акнун муҳоҷирон ниёз ба омодасозии ҳуҷҷатҳои махсус надоранд.
"Даъватнома барои вуруд ба шаҳрвандони хориҷӣ бидуни назардошти квотаи дахлдор дода мешавад. Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни иҷозатнома дар сохтмони иншоотҳои чорабиниҳо кор кунанд ", - гуфт Груздев.
Ба гуфтаи коршинос, қаблан барои ҳар як фестивал, намоишгоҳ ё мусобиқаи варзишӣ мақомоти кишвар қонунҳои алоҳида қабул мекарданд, ки тибқи он вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русия ба танзим дароварда мешуд.
Съемки фильма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Дар Русия дар бораи муҳоҷирон филм меофаранд
"Ҳоло ба низом даровардани чунин қоидаҳо пешниҳод карда мешавад. Он имкон медиҳад, ки ҳар дафъа барои ҳар як рӯйдоди бузурги байналмилалӣ қонунҳои махсус қабул карда нашаванд", - гуфт Груздев.
Инчунин, ширкатҳое, ки бо ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо кор мекунанд, метавонанд кормандонро ба тариқи содда ба кор ҷалб кунанд.
Қаблан Вазорати сохтмони Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони сохтмончиро тариқи қаторҳои чартерӣ ворид кунанд. Ба гуфтаи мақомот, ин усул арзонтар хоҳад буд ва имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар дар як бор интиқол дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала