Сафари гурӯҳи дуюми ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ба Токио

© Национальный олимпийский комитет РТОлимпийская сборная Таджикистана
Олимпийская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Рақобатҳои ин гуруҳ аз 30 июл оғоз хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Гурӯҳи дуюми Ҳайати олимпии Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ ба Токио парвоз кард
Бино ба иттилои котиботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба гурӯҳи дуюми Ҳайати олимпии Тоҷикистон, варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ шомиланд

Дар намуди варзиши сабук Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев (мураббӣ Ғайрат Неъматов) ва дар намуди шиноварӣ Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (мураббӣ Муҳаммад Табаров) намояндагӣ мекунанд.

Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо 31 июл сабқат мекунад. Финали ин масофа 1-уми август ба нақша гирифта шудааст.

Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов бошанд, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод 30 июл ҳунарнамоӣ мекунанд. Нимфинали ин масофа 31 июл, финал 1-уми август доир мешавад.
Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Эроди КБО аз дастаи олимпии Тоҷикистон
То кунун ду варзишгари тоҷик, муштзан Шаббос Негматуллоев дар даври аввал ва Сомон Маҳмадбеком пас аз ду пирӯз дар рақобати сеюм мағлуб шудаву аз идомаи рақобатҳо маҳрум гаштанд.
Фардо, 27 июл Акмал Муродов варзишгари дигари тоҷик вориди майдони мусобиқа мешавад. Рақиби ӯ дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз кишвари Гуам хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, ки 23-юми июл оғоз ёфт, то 8-уми август идома хоҳад кард. Рақобатҳо дар риштаи ҷудо то 31-уми июл сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0