Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорат гуфт, сокинони ҷумҳурӣ бештар дар куҷо гирифтори коронавирус шуданд

© Фото : Иззат ЛатифАвтобус №8 в Душанбе, архивное фото
Автобус №8 в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон маконҳои сирятёбии сокинон ба коронавирусро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тибқи таҳлилҳои вазорат аксари нафароне, ки ба коронавирус гирифтор шуданд, дар хона сироят ёфтанд.
Ба гуфтаи вай, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хонагӣ сурат гирифтааст. Инчунин, ба гуфтаи вай 12 дарсади сокинон дар корхонаҳо ва 11 дарсад дар маъракаҳо сироят ёфтанд.
Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз панҷ нафари сироятёфта як нафараш бемориро вазнин мегузаронад, чаҳор нафари дигар коронавирусро дар шакли сабук сипарӣ мекунанд.
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ: то охири сол 5,8 миллион нафар бар зидди коронавирус ваксин мегиранд
Дар Тоҷикистон ҳоло нафароне ҳастанд, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, аммо худашонро хуб ҳис мекунад ва нишонае аз ин вирус надоранд. Маҳз ҳамин нафарҳо дигаронро сироят мекунад.
“Сироятёбӣ дар маъракаҳо бозору, нақлиёт ҳам рух медиҳад. Агар мо дастаҷамъона дар ин самт кор накунему ба мардум нафаҳмонем ин вирус ҳамин хел идома меёбад", - гуфт муовини вазир.
Мақомдори вазорати тандурустӣ гуфт, соли гузашта пандемия суръати паҳншавии бештар надошт, ҳоло шоҳиди он гирифтории баъзе оилаҳо ҳастем, ки дар пурра ба ин вирус сироят ёфтанд ва ҳатто то ду тан аз ин узви оилаҳо ҷон бохтанд.
Ҳамзамон Ғафур Муҳсинзода қайд кард, ки аз аввали соли равон то имрӯз 235 ҳазор ташхисҳои озмоишӣ гузаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон 11 озмоишгоҳи вирусологӣ дар сохторҳои давлатӣ мавҷуд аст. Имконяти ин таҳлилгоҳҳо зиёда аз 5 ҳазор ташхис мебошад. Ҳоло дар як шабонарӯз на зиёда аз 3-3,5 ҳазор таҳлилҳо гузаронида мешавад.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шудани теъдоди пизишконе, ки дар Тоҷикистон коронавирусро табобат мекунанд
Вай зикр кард, ки новобаста аз ҳама мушкилот муассисаҳои беҳдошти сокинонро табобат мекунанд, ва барои ин кор дору ҳам ҳасту ягон камбудӣ нест.
“Омодагии вазорат ҳаст, вале ҳоло ҳам дар ин самт беҳбудиро лозим аст”, гуфт мақомдори вазорати тандурустӣ.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала