Дар Суғд чанд бемори коронавирус бистарианд - посухи Аҳмадзода

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 500 нафари дигар, ки бемориро сабук мегузаронанд, дар хона табобат мегиранд
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ гуфт, алҳол 349 нафар ба далели сирояти бемории коронавирус дар бемористон ва шуъбаҳои сироятии назди беморхонаҳои шаҳру навоҳии Суғд табобат мегиранд.
“Аз ин шумор 110 нафар дар Беморхонаи клиникавии Суғд, 49 нафар дар Беморхонаи воқеъ дар ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 71 тани дигар дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ буда, боқимонда дар шуъбаҳои сироятӣ шаҳру ноҳияҳои вилоят табобат мегиранд”, - қайд намуд раиси вилоят.
Бино ба иттилои раиси вилояти Суғд, ҳамчунин 485 каси дигар, ки дараҷаи сироятёбиашон сабук арзёбӣ мешавад дар шароити хона таҳти муроқибати амбулаторӣ қарор доранд.
Дар заминаи қарантин кардани се бемористон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз ҳазор кат барои табобати гирифторони КОВИД -19 фароҳам шудааст.
Молодожены обмениваются кольцами во время карантинных мер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Даъвати раиси Суғд барои худдорӣ аз тӯйу сурравӣ
Масъулони ҳукумати Суғд дар бораи фавт аз бемории коронавирус рақамҳоро зикр накарданд. Аҳмадзода таъкид намуд, ки барои мубориза бо бемории коронавирус давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷҷа 3 миллион сомонӣ ихтисос шудааст.
“Ин миқдор маблағ пеш аз ҳама барои таъмин бо оксиген (кислород), маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба бемористонҳо ва марказҳои саломатии шаҳру навоҳии Суғд равона карда шудааст. Аз ин кӯмакҳо дар вақти зарурат сокинон истифода карда метавонанд”, - гуфт Аҳмадзода.
Масъулони Идораи тандурустии Суғд вазъи мавҷударо идорашаванда ва беморӣ коронавирусро табобатшаванда хонда, гуфтанд, ки барои пирӯзӣ бар ин маризӣ риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ: бастани моск (ниқоб) зуд – зуд шустани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва канорагирӣ намудан аз ҷойҳои серодам назири бозору мағозаҳо муҳим мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала