Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорати тандурустӣ аз эҳтимолияти гардиши коронавируси навъи "Делта" дар Тоҷикистон гуфт

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд дар кишвар коронавируси навъи "Делта" мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, мавҷудияти коронавируси навъи "Делта" - ро дар кишвар дақиқ месозанд.
Номбурда зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, барои фаҳмидани мавҷудияти коронавируси навъи "Делта" дар кишвар намунаҳо ба Лондон фиристонда шудааст ва ҷавобро мунтазиранд.
Ӯ гуфт, дар асоси нишонаҳои беморӣ дар беморон, вазнинӣ ва сатҳи паҳншавӣ тахмин мезанам, ки ин вирус дар Тоҷикистон ҳаст.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Тоҷикистон аз ИМА 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna гирифт
Ҳамзамон ин дар тамоми кишварҳои ҳамсоя низ гардиш мекунад, ки барои ҷамъият зарари бештар дорад, таъкид кард Муҳсинзода.
Қаблан Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино дар Душанбе дар навиштае гуфта буд, эҳтимоли ғолиб ҳоло дар кишвар навъи "ҳиндӣ"-и коронавирус авҷ мегирад, ки ба маротиб гузарандатар ва хатарноктар аст. Дар ҳамин ҳол, Холиқзода қайд мекунад , инро ташхисе дақиқ накардааст.
Аломатҳои ин навъи коронавирус шикамравӣ ва дарди гулӯ гуфта мешавад. Афзун бар ин, "штами Делта аз гиребони ҷавонон сахт медоштааст".
Лентаи хабарҳо
0