Тоҷикистон аз ИМА 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna гирифт

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Бастаи аввали ваксинаҳои коронавируси истеҳсоли Амрико ба Тоҷикистон ворид шуд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines 1,5 миллион воя ваксинаҳои "Модера" -ро аз ИМА ба Душанбе интиқол дод, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Бастаи ваксинаҳо дар доираи кумаки башардӯстона шаби душанбеи 26 июл ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Душанбе расиданд.
Ин нахустин бастаи ваксинаҳои коронавируси сохти Амрико мебошад, ки ба Тоҷикистон оварда шуд.
Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ​​ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст.
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Боз як кишвари дигар ба Тоҷикистон ваксинаи коронавирус медиҳад
Тибқи иттилои сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 13% шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона оварда шуда буд ва 22 июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.
Лентаи хабарҳо
0