Тоҷикистон ба кадом кишварҳо доруворӣ содир мекунад?

Фармацевтический завод  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Тоҷикистон ба се кишварӣ хориҷӣ беш аз 10 намуд доруворӣ содир мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дастикам чаҳор ширкати тоҷикӣ ба кишварҳои хориҷ маводи доруворӣ ва амволи тиббӣ содир мекунанд.
“Бозори ҷаҳонӣ ҳеҷ гуна маҳдудият надорад. Агар моли ширкат ба талаботи байнулмилалӣ (JNP) посухгӯ бошад, метавонад ба дигар кишварҳо содир кунад. Аммо дар Тоҷикистон на ҳама ширкатҳо чунин зарфиятро доранд”, - гуфт Муҳсинзода.
Вай ширкати “Вижа фарма” -и шаҳри Турсунзодаро мисол овард, ки маҳсулоти худро 7 сол ба ин сӯ ба Афғонистон содир мекунад.
“Аммо ин мисоли ягона ва Афғонистон танҳо кишваре нест, ки аз Тоҷикистон доруворӣ ворид мекунад. Дар умум, 4 ширкати тоҷикӣ бо Афғонистон, Ҳиндусон ва Ҷопон шартнома доранд. Моли содиротии онҳо тамоми маҳлулҳо барои барои табобати, аз ҷумла коронавирус, антибиотикҳо, дар умум 12 номгӯй доруворӣ ва амволи тиббӣ аст”, - гуфт Муҳсинзода.
Таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Қочоқи 34 номгӯй дору ба Душанбе дар ҳаҷми калон: Оҷонсӣ мегӯяд, ягон ҳуҷҷат надорад
Вай афзуд, аз миёни ин чаҳор ширкат яке “Сино 2013” аст, ки маҳсулоташро, назири декстроза, рингер, натрий хлор, гентамитсин, цестриаксон, ампитсилин ва инчунин маводи фаъоли биологӣ ба ба Ҳиндустону Ҷопон содир мекунад.
“Ин ҳам маҳсулоти тайёр аст, аммо дар шакли ашёи хоми доруворӣ низ аз Тоҷикистон зиёд содир мешавад, назири ширинбия ва шираи камол содир мешавад”, - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ин кишвар тайи 6 моҳи соли равон ба маблағи 1,2 миллион доллар ба хориҷа доруворӣ ва амволи тиббӣ содир кардааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 1,7 миллион доллар камтар аст.
Далели коҳиши содиротро ин ниҳод маҳдудиятҳои пешомада дар пайи пандемияи “вируси корона” мехонад.
Дар ҳамин ҳол, тайи 6 моҳи соли равон Тоҷикистон аз хориҷа ба маблағи 55,7 миллион доллар доруворӣ ва амволи тиббӣ ворид кардааст, ки ин рақам дар қиёс бо шаш моҳи соли 2020 22,9 миллион доллар бештар аст.
Ужесточение карантинного режима  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Таносуби гирифторони коронавирус аз рӯи вилоятҳо: ноиби вазир паҳнкунандаҳои асосиро гуфт
Бино ба иттилои ин вазорат, дар ин давра 44 корхонаи ватанӣ ба истеҳсоли 273 намуди доруворӣ ва амволи тиббиро ба роҳ монданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 теъдоди корхонаҳо ба 7 ва номгӯи доруворӣ ба 13 афзудааст.
Ҳамзамон Комиссияи махсуси вазорати тандурустӣ тайи шаш моҳи ахир 44,8 тон доруворӣ, амволи тиббӣ, маводи ороишии гигиенӣ ва ғизои қалбакии пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлатгузашта ва бидуни сертификати мутобиқатро бо роҳи сӯзонидан нобуд кардааст, ки ин рақам низ дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 4,9 тон зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала