Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Тоҷикистон боз 1,5 миллион воя ваксинаи ройгон мегирад

© Pixabay Ампулы с вакциной, архивное фото
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Чин ба Тоҷикистон боз 1,5 миллион воя ваксинаи ройгон медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Бастаи нави кумаки Чин дар назар аст санаи 28 вориди Тоҷикистон шавад.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии зимни нишасти хабарии Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Пас аз фардо, соати 8:30 субҳ 1,5 миллион воя ваксинаи чинӣ CoronaVac ба Душанбе оварда мешавад. Ин баста ҳамчун кумаки башардӯстона аз Чин ба Тоҷикистон мерасад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ин нахустин бастаи кумакҳои Чин набуда, қаблан дар доираи як созишнома 300 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон дода буд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан дар бораи хариди 3,4 миллион ваксинаи CoronoVac бо намояндагони Чин гуфтугӯ карда буданд.
Субҳи имрӯз низ 1,5 миллион воя ваксинаи "Модера" -и ИМА ба Душанбе дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ аз эҳтимолияти гардиши коронавируси навъи "Делта" дар Тоҷикистон гуфт
Тибқи иттилои сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 13% шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона оварда шуда буд ва 22 июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.
Лентаи хабарҳо
0