Вазорати тандурустӣ ҳисобот дод, ки миллионҳо маблағи буҷаро ба куҷо сарф кард

© Фото : Пресс-служба правительства ГБАОПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Вазорат таъкид мекунад, ки ҷобаҷокунии маблағҳое, ки аз буҷа равона мешавад, таҳти назорати қатъии низомҳои дахлдор қарор дорад
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ пурсон шуданд, ки маблағҳои аз буҷа барои вазорат ҷудошуда ба куҷо масраф мешаванд.
Ба қавли Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ, аз буҷаи давлат 179 миллион соомнӣ ҷудо гардидааст, ки 110 миллион сомониаш барои кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ таъин шудааст.
Ин назар ба соли гузашта 24 миллион соомнӣ бештар мебошад, таъкид мекунад вай.
"Аз 110 миллион сомонӣ, дар шашмоҳаи аввал - 59 миллиону 262 ҳазор сомонӣ ба оилаҳои камбизоат пардохт шудааст, ки ҳудуди 46 дар сади азхудкунии маблағҳоро нишон медиҳад", - таъкид кард вай.
11 миллион соомнӣ барои дастгирӣ тавассути фармоишҳои иҷтимоӣ меравад, ки дар нақшаи вазорат, маблағгузорӣ ба нимаи дуюм монда шудааст.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шудани теъдоди пизишконе, ки дар Тоҷикистон коронавирусро табобат мекунанд
Муовини вазир гуфт, ки маблағҳои дигар қариб 5 миллион сомонӣ барои осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷудо шудааст, ки аз ин нисфи маблағҳо азхуд гардидаанд.
Ба қавли Шодихон Ҷамшед, афзун бар ин, аз буҷа маблағҳои алоҳида ҷудо мегарданд, ки ин барои пардохти нафақаи маъюбон мебошад.
"Ҳармоҳа дар доираи пардохти нафақаи маъюбон 59 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, ки барои 157 ҳазору 342 нафар маъюб тақсим мешавад", - афзуд вай.
Муовини вазир таъкид кард, ки истифдаи маблағҳои буҷа аз ҷониби вазорат таҳти назорати қатъии низомҳои дахлдор қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0