Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорати тандурустӣ: то охири сол 5,8 миллион нафар бар зидди коронавирус ваксин мегиранд

© Sputnik / Алессандро Рота / Гузаштан ба хазинаи аксВ Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться "Спутником V"
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Вазрати тандурустии Тоҷикистон эълон намудааст, ки то охири сол қарор аст 5,8 миллион сокини кишвар ба маъракаи ваксиназанӣ фаро гирифта шаванд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуоти дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки то охири сол бояд 62,5 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба маъраукаи ваксиназанӣ фаро гирифта шавад.
“Қарор аст то охиири сол 5,8 миллион нафарро ба маъракаи ваксинагирӣ фаро гирифта шаванд. Фоизи фарогирӣ бояд ба 62,5 дарсад расад”,- гуфт муовини аввали вазири тандурустӣ.
Ҳамзамон, вай зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки ваксингирӣ пеш аз ҳама миёни гурӯҳҳои имтиёзнок оғоз шуд.
Муҳсинзода Ғафур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Муовини вазир гуфт, ягон ваксин дар Тоҷикистон таъсири манфӣ ба бор наовард
“Пеш аз ҳама пизишкон ба ваксина гирифтанд. То имрӯз 111 ҳазор корманди соҳаи тибб ваксина гирифтанд. Имрӯз шабонарӯзӣ ин кор давом дорад ва миёни нафароне, ки ваксина гирифтанд ягон беморӣ ё бемори дар шакли вазнин ба қайд гирифта нашудааст”, - Ғаффур Муҳсинзода.
Вай ҳамзамон қайд кард, ки замоне, ки 21 июн мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, вазорат пурра омодагии худро барои мубориза бо коронавирус гирифта буд.
“Вазорати тандурусти омодагии худро дар сатҳи лозимӣ таъмин кард. То имрӯз мо тавонистем тамоми доруворӣ ва маводҳои худмуҳофизӣ захира намоем ва тамоми таҷҳизот барои ташхису табобати ин беморӣ муҷаҳаз намоем”, - гуфт муовини вазири тандурурстӣ.
Вай қайд кард, ки роҷеъ ба ин масъала то ҳол аз тарафи шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ягон мушкилоти ҷиддӣ надоштем.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чӣ мешавад, агар вояи дуюми ваксина алайҳи COVID-19 -ро нагиред
Ёдовар мешавем, ки то рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон 447,1 ҳазор нафар барои ҳимояи худу наздиконаш ваксин алайҳи коронавирус гирифтанд. Гуфта мешавад, бо вояи дуюм аллакай 22,2 ҳазор нафар эмгузаронӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ сар аз 23 март маъракаи иммунизатсия эълон карда шуд. Ҳоло дар кишвар ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад.
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала