Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Афзоиши рекордии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон: вазъ вахим мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе на барахолке
Жители Душанбе на барахолке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Омори нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз якбора вахим шудани вазъи коронавирус дар кишвар шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши рекордии теъдоди сироятшудагон давоми як шабонарӯз аз вируси корона ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тавр, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 81 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш ин омор 74 ҳолатро ташкил медод.
Ин бештарин нишондод аз 21 июн - яъне, бурузи дигарбораи вируси корона дар Тоҷикистон то кунун, ба шумор меравад.
 Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд даргузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Ҳамагӣ 42-сола: Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд аз коронавирус даргузашт
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 71 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 26 июл дар кишвар 14673 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14167 нафар (96,5%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ як нафар фавтид ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 118 нафар расид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шудани теъдоди пизишконе, ки дар Тоҷикистон коронавирусро табобат мекунанд
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон мардумро бо ваксини AstraZeneca ва дигаре CoronaVacэм мекунанд.
Ҳамзамон рӯзи гузашта 1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" -и ИМА ба Душанбе дар доираи барномаи COVAX ворид шуд, ки 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар назар аст, фардо 1,5 миллиони дигар ваксинаи чинии CoronaVac ба Душанбе оварда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала