Акмал Муродов ҳарифи аввалашро дар Олимпиадаи Токио шикаст дод

© Sputnik / Владимир АстапковичДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Акмал Муродов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, нахустин рақобаташро дар Олимпиадаи Токио бо пирӯзӣ хотима дод
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Субҳи имрӯз Акмал Муродов, нахустин дидорашро бо варзишгар аз Гуама Ҷоштер Эндрю дар Олимпиадаи Токио бо ғала поён расонид.
Варзишкори тоҷик дар вазни то 80 кило вориди сабқат шуд.
Ҳамакнун дар даври баъдии рақобат, Акмал Муродовро Тато Григалашвилии гурҷӣ интизор аст.
Ҳарифи навбатии Муродов Григалашвилии гурҷӣ 21 сол дошта, дар раддабандии ҷаҳонӣ дар сегонаи аввал ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, дар вазнҳои болотар фардо 28-уми июл Комроншоҳи Устопириён рақобаҳояшро оғоз хоҳад кард. Паҳлавони дигари тоҷик, Темур Раҳимов бошад, аз 30 июл вориди набард мешаванд.
Қаблан аз ҳайати тими олимпии кишвар Сомон Маҳмадбеком пас ду рақобат дар даври сеюм мағлуб ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ: намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио -2020
Ҳамзамон муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов низ пас аз пирӯзӣ бар ҳарифи доминиканияш Леонел Сантос Нунез ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Муштзани дигар Шаббос Негматуллоев бошад, дар дар нахустин дидораш аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала