Бархӯрди маргбори ду мошину трактор дар ноҳияи Рӯдакӣ: 3 кас ҷон бохту 4 тани дигар маҷрӯҳ

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Дар яке аз мошинҳо 5 узви як хонавода аз ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанд, ки дар натиҷа 4 нафари онҳо дар бемористон бистарӣ шуданду, яке дигар, ки ҳамагӣ 6 сол дошт, ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрди маргбори ду мошину трактор сурат гирифт, ки дар натиҷа се қурбонӣ дар пай дошт.
Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 26 июл, тахминан соати 23:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 36 - солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба самти ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур дар ҳудуди деҳаи Адолат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.
Дар натиҷа, ронанда ба чархи чапи трактори тамғаи "МТЗ-82" таҳти идораи ронандаи 40 - сола аз шаҳри Ваҳдат бархӯрд. Пас аз бархӯрд, автомашина ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба машинаи тамғаи "Опел-Вектра" бархӯрд. Ин мошинро ронандаи 40 - солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард.
Разбитый велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Ҳалокати писараке, ки дучарха меронд: садама дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи поён
Манбаъ меафзояд, асно бархӯрдан, ронандаи мошини "Опел-Вектра" ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон аз даст дод.
Ҳамзамон мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", сокини 30 - солаи шаҳри Ваҳдат низ дар ин садама ба ҳалокат расид.
Мусофирони дигари ин автомашина Ҳаштодова Бибисорои 27 - сола, Ҳаштодова Шукронаи 15 - сола, Ҳаштодов Хайриддини 9 - сола, Ҳаштодзода Сафияи 2 - сола, Ҳаштодзода Оминаи 6 - сола, ки ҳамагӣ аъзоёни як хонавода мебошанд, шадидан маҷрӯҳ шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд.
Зимнан, Ҳаштодзода Оминаи 6 - сола ҳам дар бемористон ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0