Боингҳо куҷо шуданд: ширкати “Тоҷик-Эйр” барои азсаргирии парвозҳо ҳавопаймо надорад

© Фото : Официальный сайт авиакомпании Tajik Air / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
“Тоҷик-Эйр” барои харидорӣ намудани ҳавопаймоҳо тариқӣ лизинг гуфтушунид дорад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Азизмамат Қурбонов, муовини директори ширкати ҳавоии "Тоҷик-Эйр" имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир, бино бар набудани ҳавопаймо дар ҳолати корӣ ширкат наметавонад парвозҳои байналмилалиро анҷҷом диҳад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло гуфтушунидҳо бо ширкати Panaf Group-и (Олмон) идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар ихтиёри ширкати “Тоҷик Эйр” се ҳавопаймои Боинг буд. Ду ҳавопаймо Боинг 737-300 ва Боинг 757-200 моли худи ширкат буд ва якеш тариқи лизинг гирифта шуда буд.
Ҳавопаймои Боинг 757-200, ки дар Душанбе қарор дорад, ба таъмири муҳаррикҳо ниёз дорад, зеро мӯҳлати истифодаи онҳо ба поён расидааст. Боинг 767-300 дар Тошканд дар таъмири асосӣ қарор дорад.
Боинг 737-300 ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳоли ҳозир бар асоси қарори Суд, ки даъвои ширкати лизингии Skyroad Leasing-ро баррасӣ кардааст, ҳабс шудааст ва ҳоло дар фурудгоҳи Внуковои Маскав қарор дорад.
ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Пирӯзии “Тоҷик Эйр” бар “Скайроуд Лизинг” дар додгоҳи ИМА барои 20 миллион доллар
Баҳси миёни “Тоҷик Эйр” ва ширкати Skyroad Leasing барои пардохти моҳонаи иҷораи ҳавопаймо буд. Тавре масъулини ширкати ҳавои гуфта буданд баҳс сари 9 миллион доллар меравад, ки қисми зиёди он пардохт шудааст.
Аммо, чанд миллион доллари дигарро ширкат пардохт карда натавонист ба ҳамин хотир ба ширкат ҷаримаҳои иловагӣ ворид гардид, ки тақрибан 20 миллион долларро ташкил медиҳанд.
“Дар ҳоли ҳозир мо пул надорем, ки қарзи худро дар назди қаздиҳандагон пардохт кунем. Мо ин корро танҳо пас аз барқарор шудани парвозҳои мунтазами ва пайдо шудани имкониятҳои молиявӣ метавонем пардохт намоем ", - гуфт Қурбонов.
Мушкилоти ширкати "Тоҷик Эйр" замоне ташдид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд мавзӯи харидории як ҳавопаймои Боинг-767 гаронтар аз нархи воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2020
Шикояти “Тоҷик Эйр” аз камбуди мусофир ва коҳиши парвозҳо дар масири Бадахшон
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, рушан шудани моҷарои 3 моҳ пардохт нашудани ҳуқуқи кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳақи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд. Ширкати "Тоҷик Эйр" ба ҳамин далел таи соли 2019 тамоми парвозҳои худро қатъ кард.
Муовини аввали мудири ширкати "Тоҷик Эйр" Азизмамад Қурбонов гуфт, ки соли 2019 шумораи кормандони ширкат 525 нафарро ташкил медод ва дар соли 2020 он ба 272 нафар поин омад.
Қурбонов қайд кард, ки ширкат то имрӯз 11,1 миллион сомонӣ маоши кормандони худро пардохт накардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъол буда, дар баробари инҳо 15 ширкати хориҷӣ низ ба мусофиркашонӣ машғул аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала