Боздошти бори ғайриқонунӣ аз Душанбе дар фурудгоҳи Қазон

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Дар фурудгоҳи Қазон кормандони гумруки Русия як мусофиреро, ки аз Душанбе омада буд, боздошт намуданд. Ӯ бо худ тақрибан 400 СИМ-корт овардааст
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Қазон ҳангоми санҷиши гумрукии яке аз мусофироне, ки аз Душанбе омада буд бори ғайриқонунӣ ёфт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти гумруки Ҷумҳурии Тотористон.
Тибқи иттилои манбаъ, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар бағоҷаш тақрибан 400 сим-корти ғайриқонунӣ будааст, мехостааст бо "долони сабз" гузарад.
“Кормандони гумрук ду қутти пур аз сим-кортҳои ширкати мобилии "Билайн" -ро пайдо карданд. Яке 198 дона, дигаре 200 дона дошт. Шумораи умумии онҳо 398 дона буд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ин миқдор бор ба кормандони гумруки Тотористон иҷозат надод, ки онро ҳамчун мол барои истифодаи шахсӣ тасниф кунанд.
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2019
Се сол зиндон ё то 82 ҳазор сомонӣ ҷарима: шарҳи ҷазо барои додани симкорт ба нафари дигар
Ба гуфтаи худи мусофир, бастаи СИМ-кортҳо моли ӯ нест. Вай қуттиҳои мазкурро бо дархости ҳамватанаш ба Маскав расонидааст.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки зодаи Тоҷикистон метавонист санади гумрукӣ кунад. Ғайр аз он, қонунгузории гумрук имкон медиҳад, ки санади гумрукиро дар шакли электронӣ пешниҳод намоянд.
Нисбати ин ҷавон тибқи қавонин парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
СИМ-кортҳо аз ҷавон тибқи протоколи тартибдодашуда мусодира карданд.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишоти маъмурӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала