“Дер нашавад”: президенти Академияи миллии илмҳо мушкили №1-ро ном бурд

© Sputnik Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳоро мушкили рақами як унвон кард
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, гармшавии иқлим ва дар пайи он об шудани пиряхҳо захираҳои оби Осиёи Марказӣ сол ба сол коҳиш меёбанд ва минтақа ба мушкили об мувоҷеҳ шудааст.
Президенти Академияи илмҳо зикр кард, ки ибтидои асри 20 дар Осиёи Марказӣ 10 миллион аҳолӣ ва 1 миллион гектар заминҳои обёришаванда буд.
"Имрӯз теъдоди аҳолие, ки аз ин дарёҳо об мехӯранд, ба 75 миллион расида, масоҳати заминҳои обёришаванда ба 10 миллион гектар баробар шудааст. Аммо дарёи нав, манбаи обии нав пайдо нашуд. Захираҳои обӣ ҳамон гуна, ки буданд. Баръакс захираҳои обӣ кам шуда истодаанд", - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург дар масоҳати 11146 километри мураббаъ, 8 дарсади ҳудуди кишвар, вуҷуд доранд ва онҳо манбаи 60 фоизи оби Осиёи Марказиянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини ниҳодаш ҳатто ба умқи 100 километр ҷойҳое, ки инсон рафта наметавонад, парвоз намуда, акс мебардоранд ва маълумотро дар дасти олимон қарор медиҳанд.
Поляна Сулоева. Международный альпинистский лагерь. Ледник Фортамбек. Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Нигаронии Раҳмону Мирзиёев аз мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ
“Ин додаҳо нишон медиҳанд, ки мушкили рақами як ҳоло ҳифзи пиряхҳо аст. Аммо оё мо пиряхҳоро ҳифз карда метавонем? Дар танҳоӣ ин ғайриимкон аст. Ин кори дастаҷамъона аст. Мушкилоте, ки имрӯз дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба вуҷуд омадааст, мушкили танҳо Осиёи Марказӣ нест. Ин мушкили Чин, Покистон, Ҳиндустон, тамоми кишварҳоест, ки манбаъи оби онҳо пиряхҳо мебошанд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Вай афзуд, аз нигоҳи илмӣ роҳи ҳифзи пиряхҳо вуҷуд дорад, аммо иқдом бояд дастаҷамъона гирифта ва тамоми инсоният бояд даст ба кор шавад, то пиряхҳоро ҳифз ва зиндагии инсонҳоро дар ин манотиқ таъмин гардад, дар акси ҳол, дер хоҳад шуд.
“Пеш аз ҳама кам кардани партовҳои гуногун ба атмосфераи замин ё ин ки дар сатҳи тозагӣ ё сафедӣ нигоҳ доштани қисмати болоии пиряхҳо. Агар сафедии қисмати болоии пиряхҳо зиёд бошад, ҳамон қадар нури офтобе, ки ба онҳо меафтад, инъикос мешавад, гармӣ ба дохил намегузарад ва обшавии пиряхҳо нисбатан кам мегардад. Ин як қонуни муайяни физикӣ аст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Муҳриддин аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гуфт
Рӯзи 3 марти соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як конфронси байнулмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим бо ишора ба босуръат об шудани ях дар Арктика, Антарктида ва Гренландия гуфт, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла зикр шуд, ки обшавии бузургтарин пиряхи ҷаҳон - Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, тайи 70-80 соли охир зиёда аз як километр кутоҳ ва майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст пешниҳод кард, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ӯ таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала