Билол Иброҳим: сохтмони 12 корхонаи истеҳсолӣ дар ду кӯчаи шаҳри Душанбе идома дорад

© Пресс-служба Президента РТСотрудник предприятия ООО "Бактрия Слейт"
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бо маром идома дорад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Билол Иброҳим, матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад.
Вай қайд кард, ки ҳангоми ба кор андохтани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба кишварҳои хориҷ ба маротиб афзоиш ёфта, зиёда аз 3250 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки соли равон дар ҳудуди ноҳия ифтитоҳи 6 корхона ва 1 коргоҳ ба нақша гирифта шудааст.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Соҳибкорони тоҷик дар Сурхандарёи Ӯзбекистон 25 корхона бунёд кардаанд
“Тибқи нақша, моҳи марти соли равон 2 корхона ва 1 коргоҳ бо 75 ҷои кори нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо бо 50 ҷои корӣ, таҷдиди бинои таъминоти истеҳсолӣ (полиграфия) бо 10 ҷои корӣ ва сохтмони сехи истеҳсолӣ (тирезаҳои пластикӣ) бо 15 ҷои кори нав ифтитоҳ гардиданд”, - зикр кардааст Билол Иброҳим.
Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчунин қайд кард, ки моҳи августи имсол дар ноҳия 4 адад корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, коркарди хушкмева, афшура аз меваҳо ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала