Дар Ҳиндустон аъзоёни оила духтарашонро барои пӯшидани ҷинс то мурдан кӯфтанд

© Sputnik / Костис Нтантамис / Гузаштан ба хазинаи аксБеженцы с Ближнего Востока в Афинах
Беженцы с Ближнего Востока в Афинах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Ҷанҷоли оилавӣ барои пӯшидани ҷинс бо марги духтари 17-сола анҷомид. Дар робита ба ин қазия, пулис чаҳор нафарро боздошт кард
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Дар Ҳиндустон як духтари 17-соларо барои пӯшидани ҷинс бо чӯбдаст зада куштанд, хабар медиҳад India Today.
Ҳодисаи ҳайратангез ҳафтаи гузашта дар деҳаи Савреҷи Харги иёлоти Уттар Прадеш рух дод. Модар гуфт, ки духтараш Неҳа Пасван пас аз муноқиша бар сари либос шадидан латукӯб шудааст.
"Вай аз субҳ то шом рӯзадор буд. Бегоҳӣ ҷинс ва болопӯш мепӯшид ва пас аз он маросимҳои худро иҷро мекард. Вақте ки бобою бибиаш аз либоси ӯ норозӣ буданд, Неҳа эътироз кард, ки ҷинс барои пӯшидан офарида шудааст ва ӯ мехоҳад бипӯшад", - нақл кард модараш.
Ихтилофҳо ба ҳадде авҷ гирифтанд, ки боиси хушунат шуд. Ба гуфтаи ин зан, духтараш аз ҳуш рафтааст, пас аз он наздиконаш ришка (навъи нақлиёт дар Ҳиндустон - шарҳ аз идора) даъват карда, гуфтаанд, ки ҷабрдидаро ба беморхона мебаранд.
"Нагузоштанд, ки ман онҳоро ҳамроҳӣ кунам", - ба ёд меорад зан. Субҳи рӯзи дигар ҷасади духтарро аз болои пул пайдо карданд.
Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2020
Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт
Тавре ки маълум шуд, марҳум Неҳа будааст. Пулис барои куштор ва нобуд кардани далелҳо парванда боз кард. Пулис гуфт, ки чаҳор нафар - бобои Неҳа, инчунин амакаш ва ронандаи мошин боздошт шуданд.
Модари духтари кушташуда гуфт, ки хешовандон талаб карданд, ки Неҳа таҳсилро дар мактаби маҳаллӣ тарк кунад ва инчунин аксар вақт ӯро барои пӯшидани либоси замонавӣ сарзаниш мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала