Чаро Ҳукумат “ка” – ро “ке” накард: номи дигар ҳарфҳо иваз шуданду К не

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Дар пайи нашри номи нави бархе аз ҳарфҳо дар забони тоҷикӣ, гуруҳе аз корбарон суол гузоштанд, ки чаро ба ҳамон шевае, ки номҳоро тағйир додаанд, “ка” – ро ба “ке” иваз накардаанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон бо тасдиқи Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ номи бархе ҳарфҳоро иваз карда, “ка” – ро бетағйир гузоштааст.
Равшани Абдуллоҳ, узви гуруҳи фейсбукии “Дуруст бинависем”, ки ба масъалаҳои забон ихтисос ёфтааст, суол гузоштааст, ки чаро номи дигар ҳарфҳо иваз шудаанду “ка” - ро ҳамон тавре ки талаффуз мешавад, ба “ке” иваз накардаанд.
Бархе аз забоншиносон сабаби инро ба малеҳбаёнӣ рабт дода, таъкид кардаанд, ки дар сурати ворид кардани ин тағйирот ҳолатҳои дуруштбаёнӣ ба миён меомаданд.
Забоншинос Саъдӣ Маъдӣ, мудири Академияи ВАО-и Тоҷикистон низ шарҳ додааст, ки ин амал ба нармӣ ва хушгуфторӣ дар забон рабт дорад.

“Муаллим бояд ҳарфи ка-ро навис гӯяд”, - таъкид намудааст Саъдӣ Маҳдӣ. Бархе забондонҳои дигар низ аз ин тавзеҳ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин суол дар ҳоле пайдо шуд, ки дар Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ҳарфи Л минбаъд на эл балки ле ном дорад. Номи ҳарфҳои М аз эм ба ме, Н аз эн ба не, Р аз эр ба ре, С аз эс ба се ва Ф аз эф ба фе иваз гардидаст. Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи у – и дароз танҳо ӯ ва и – и дароз танҳо ӣ омадааст. Ҳарфи Х низ аз ха ба хе ва Ш аз ша ба ше тағйири ном кардааст.
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Раиса, котиба, муаллима - нодурустанд: қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ
Ҳамин тариқ алифбои забони тоҷикӣ, ки 35 ҳарф дорад, ба тартиби зер мебошад:
Аа – а, Бб – бе, Вв – ве, Гг – ге, Ғғ –ғе, Дд – де, Ее – йе, Ёё – йо, Жж – жэ, Зз - зе, Ии – и, Ӣӣ – ӣ, Йй – йот, Кк – ка, Ққ – қе, Лл – ле, Мм – ме, Нн – не, Оо – о, Пп – пе, Рр – ре, Сс – се, Тт – те, Уу – у, Ӯӯ – ӯ, Фф – фе, Хх – хе, Ҳҳ – ҳе, Чч – че, Ҷҷ – ҷе, Шш – ше, Ъъ – сакта, Ээ – э, Юю – йу, Яя – йа.
Қаблан раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд. Дар маҷмуъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот ворид гардидаанд, ки тафсилоти он ироаи омма хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала