Макгрегор ба Нурмуҳаммадов ҷавоби шадид дод ва паёмашро нест кард

© AP / Seth WenigХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Макгрегор шарҳи навиштааш дар посух ба Нурмуҳаммадовро дак кардаву зуд онро пок кард
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Размикори иранландӣ, қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн Конор Макгрегор ба суханони варзишгари Русия Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки қаблан дар бораи бохти ӯ дар мубориза бо Дастин Поре изҳори назар карда буд, шадидан посух дод.
Ёдовар мешавем, ки севумин рақобати Макгрегор ва Поре шаби 10 ба 11 июл дар Лас Вегас баргузор шуд. Рақобат дар охири даври аввал хотима ёфт, ки дар он Конор аз пояш шадидан захм бардошт.
Пас аз бохти Макгрегор, Нурмуҳаммадов дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: "Некӣ ҳамеша бар бадӣ пирӯз мешавад."
Пас аз ду ҳафта, размикори ирландӣ ба суханони Ҳабиб бо шарҳ дар зери паёми ӯ посух дод.
"Маълум мешавад, ки коронавирус хуб аст ва падар бад аст?" - навиштааст ӯ дар Твиттер.
Ҳамин тариқ, Макгрегор ба Нурмуҳаммадов дар бораи марги падари ӯ Абдулманоп ишора кард, ки бар асари мушкилоти коронавирус фавтидааст. Пас аз муддате, Конор шарҳи ҷанҷолиро нест кард.
Ёдовар мешавем, ки пас аз шикасти хандаовари Макгрегор, раҳбари UFC Дана Уайт чаҳорумин муборизаи байни ҷангиёнро эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0