Муҳриддин: Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар СҲШ ҳимоят мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевВстреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар сурати мувофиқати дигар аъзоён аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунем
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар робита бо узвияти комили Эрон дар СҲШ таъкид доштааст, ки дар давоми чаҳор соли ахири қабули аъзои нав ба ин созмон дар дастури кор набудааст.
Вазир афзуд, ки раванди қабули аъзои нав дорои дастуруламали хосе аст.
Муҳриддин шарҳ дод, ки раванди қабули Эрон ба ин созмон печидааст ва маъмулан чандин сол тӯл мекашад.
Вай дар робита ба мавзеи кишвараш нисбат ба узвияти Эрон дар ин созмон, гуфт, Тоҷикистон дар сӯрати иттифоқи назари аъзо, аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СҲШ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Дабири кулли СҲШ дар Душанбе: бо Муҳриддин мулоқот кард
Ёдрас мешавем, ки қаблан Владимир Норов, дабири кулли созмони ҳамкории Шанхай эълом кард, ки ин созмон дар ҳоли тавофуқ бо Эрон барои узвияти расмии Теҳрон дар ин ниҳоди минтақавӣ аст .
Вай гуфта буд, ки “назарҳои бисёре дар бораи узвияти расмии Эрон мавҷуд аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар як муддате таҳримҳои Эрон лағв шуд, аъзои ин созмон дар баёнияи иҷлоси сарон дар соли 2018-и милодӣ ҳимояти худро аз ин мавзӯъ эълом карданд”.
Владимир Норов, афзуд Созмони ҳамкории Шанхай алоқаманд ба ҳамкориҳои чандҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин пешбурди муносибатҳои тарафайн аст.
Экономическом форуме Шанхайской Организации Сотрудничества  в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Тоҷикистон тасмим дорад ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо СҲШ тақвият диҳад
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай гуфт: кишварҳои созмони ҳамкории Шанхай ба суръат дар ҳоли густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории худ бо Эрон ҳастанд ва дар тарҳҳои зербинои бо Теҳрон ҳамкори мекунанд.
Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалӣ аст, ки дар 15 июни соли 2001 милодӣ дар шаҳр Шанхай таъсис шуд.
Чин, Русия, Ҳинд, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аз аъзои аслии ин созмон ва Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус низ аз аъзои нозири ин созмон ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала