Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Мулоқоти Раҳмон бо вазири мудофиаи Чин: аз ҳаводиси Афғонистон то нигаронии Тоҷикистон

© NakibMurodovЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Чин Вэй Фэнхэ
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Чин Вэй Фэнхэ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Президенти Тоҷикистон ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои Душанбею Пекин гуфтааст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз бо 27 дар Қасри миллат вазири мудофиаи Чин Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Ба иттилои котиботи президент, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима карданд.
Пограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Оё артиши Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бармегардад: посухи вазир
Эмомалӣ Раҳмон аз раванди мусбии рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя номиданд.
Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятӣ ва дигар таҳдидҳо самти мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи амният мебошад.
Дар мулоқот ба вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди хатарзои вазъ дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонгуфта, вазири мудофиаи Чинро дар бораи чораҳои тақвиятии кишвар дар марз дар ҷараён гузоштааст.
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Посухи ВКХ дар бораи музокироти эҳтимолии Толибон* ва Кобул дар Душанбе
Таъкид гардид, ки якбора бад шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон боиси афзоиши шиддат мегардад ва ин ҳолат ба вазъи умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин робита ҳамкории зичу ҳамгироии хадамоти дахлдор ва сохторҳои махсуси ду кишвар зарур шумурда шуд. Инчунин аҳамияти мусоидати ҳамаҷониба дар самти пешрафти раванди гуфтушуниди байни афғон махсус таъкид гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала