Дар олимпиадаи Португалия аз миёни хонандаҳои 76 давлати дунё толибилми тоҷик медал гирифт

© Хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҶТШамс Давлятбеков, хонандае, ки дар олимпиадаи Португалия медал гирифт
Шамс Давлятбеков, хонандае, ки дар олимпиадаи Португалия медал гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Шамс Давлятбеков соли гузашта ҳам аз олимпиадаи Ҷопон медали биринҷӣ оварда буд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Хонандаи тоҷик аз миёни иштирокчиёни 76 давлати дунё соҳиби ҷойи намоён гардид, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Шамс Давлятбеков хонандаи синфи 11 - ум дар олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Лисабони Португалия баргузор гардид, аз фанни биология медали нуқра гирифтааст.
Ин мусобиқаи илмӣ аз 19 то 24 июл ба таври онлайнӣ баргузор гашт.
Школьники на уроке за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Пирӯзии хонандагони тоҷик дар олимпиадае, ки Русия ташкил кард
Манбаъ меафзояд, дар олимпиада 304 хонанда аз 76 давлати дунё иштирок намуда буданд ва аз фанни биология медали нуқраро хонандаи тоҷик азхуд кард.
Ба иттилои Вазорати маориф, Шамс Давлятбеков дар литсей барои хонандагони балоёқати шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.
Номбурда соли гузашта низ ба Тоҷикистон медали нуқра овард. Он замон Давлятбеков дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки аз фанни биология дар шаҳри Нагасаки давлати Ҷопон баргузор гардида буд, иштирок намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гашт.
Лентаи хабарҳо
0