Аз парвандаи олудасози Сирдарё то шикояти сокинон: Дусматов гуфт, хукҳояшро кӣ мегирад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСвинья в стойле, архивное фото
Свинья в стойле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мегуянд, се сол ба ин тараф бӯи ғализи фермаи хукпарварӣ деҳоти онҳоро олуда мекунад, аммо аз сӯи идораҳои назоратӣ дар ҳалли ин мушкил амалан коре сурат намегирад
ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik, Қамари Аҳрор. Соҳиби фермаи хукпарварӣ дар деҳаи Деҳмойи ин ноҳия, Насим Дӯстматов, сокини ҷаомати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд барои олуда кардани кардани об аз ҳисоби ахлот ва пешоби хукҳо нисбати Дӯстматов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Фурқат Хоҷазода прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар шарҳи парванда гуфт, ки ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидаву дониста ахлот ва пешоби беш аз 300 сар хукро ба Сирдарё андохта, обро ифлос намудааст, ки боиси гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад.
Прокуратураи вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Ахлоти 300 хукро ба Сирдарё рехтааст: парванда алайҳи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
“Дӯстматов Н., ки баъди 3 маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан, боз такроран ахлот ва пешоби зиёда аз 300 сар хукҳои дар фермаи деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов нигоҳубиншавандаро ба оби дарёи Сир равон кардааст”, - гуфт прокурор.
Хоҷазода гуфт, нисбати Дӯстматов аз ҷониби мақомоти прокуратура бо аломатҳои ҷинояти моддаи 226 қисми 1 (ифлос кардани об), ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминию зеризаминӣ муқаррар намудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.
Ҳоло парвандаи Дӯстматов Н. дар марҳилаи судии Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дорад.
Худи Насим Дӯстматов дар суҳба ба Sputnik Тоҷикистон бо худдори аз шарҳи бештари қазияи нисбаташ гуфт, ки се сол ба ин тараф ба хукбонӣ машғул аст ва харидораш хитоиҳое ҳастанд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунанд.

Хитоиҳо омада гирифта мераванд. Ман бо чиниҳо шартнома дорам”, - гуфт ӯ.

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳоле фермаи хукпарварӣ ташкил намудааст, ки чунин фаъолияти ӯро на бахши байтории Раёсати Кумитаи давлатии бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд ва на Раёсати кишоварзӣ ба қайд нагирифтааст.
Сокинони деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Раслуов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз паҳншавии бӯи ғализи хукҳо нигаронӣ мекунанд.
Санавбар Мамадова, аз сокинони деҳаи Деҳмой мегуяд, се сол аст, ки бӯи ғализи хукҳо ҳаворо олуда мекунад, аммо барои рафъи ин мушкил амалан ҳеҷ кас ё ниҳод чораи қатъӣ намеандешад.
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Шарифзода гуфт, бӯи ғализ то маркази Хуҷанд мерасад: комиссия ташкил шуд
“Маҳаллаи мо дар наздикии ин ферма ҷойгир аст ҳар вақт олудагии ҳаво ҳис мешавад. Гузашта аз ин, партови хукҳо дар канори ҷуйборе ҷойгир аст, ки тавассути он кишти зироат обёрӣ шуда ва хавфи ҳар лаҳза ҷорӣ шудани ахлоту пешоби хукҳо ба об вуҷуд дорад. Хуб мебуд, ин мушкилро идораҳои дахлдор пешгирӣ мекарданд”, - иброз намуд сокини Деҳмой.
Аз Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Дӯстматов сар аз моҳи июни соли 2020, барои ифлос намудани манбаъҳои экологӣ аз ҳисоби партови дар фермааш ҳосилшуда се дафъа ҷамъ ба маблағи 654 сомонӣ ҷарима шудааст.
Аммо ӯ аз чунин кирдораш даст накашида, маротибаи чаҳоруми ҳолати ифлоскунии об аз ҳисоби ахолти хукҳо ошкор шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, фермаи Дусматов дар ҷое воқеъ аст, ки аз канори он ҷӯйборе мегузарад ва оби он ба дарёи Сир ҷорӣ мегардад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2019
Чаро истеъмоли гӯшти хук дар Ислом ҳаром аст: шарҳи Шӯрои уламо
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба вазъи бади фермаи ташкилнамудаи Дӯстматов ишора намуда, аз камасарии кори идораҳои санитарию эпидемиологӣ, ва ҳифзи муҳити зист (экология) ҳарф мезананд.
Ба гуфти истиқоматкунандагони деҳаи Деҳмой, кормандони идораҳои давлатӣ борҳо вазъи мавҷударо санҷиданд, вале амалан барои бартарафшавии мушкил чорае наандешидаанд.
Тибқи шариати Ислом итеъмоли гушти хук барои мусалмонон ҳаром аст, аммо қонунгузории кишвар парвариши онро рад накардааст.
Лентаи хабарҳо
0