Раҳимӣ аз истеҳсоли маҳлули безараркунанда ва ниқобҳо бо оби нуқра гуфт

© AP / Andy WongЧеловек держит защитную медицинскую маску в руке
Человек держит защитную медицинскую маску в руке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз истеҳсоли маводи безараргардонанда ва ниқобҳо бо оби нуқра хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки Академия бевосита корхонаи истеҳсоли ниқобҳо бо оби нуқраро надорад, аммо бо коргоҳҳои истеҳсолкунандаи ниқобҳо ҳамкорӣ дорад.
Раҳимӣ 27 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, олимони кишвар ҳанӯз дар замоне, ки коронавирус ба Тоҷикистон нарасида буд, дастбакор шуда, моҳи марти 2020 истеҳсоли маводи безараркунандаро роҳандозӣ намуд. Ӯ гуфт, феълан Академияи миллии илмҳо бо ташкили корхонаи хурд, истеҳсоли маводи безараргардонандаро роҳандозӣ намудааст, ки иқтидораш аз 7 то 10 тон дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Раҳимӣ таъкид намуд, ки таҷҳизоту маводи заруриро худи Академия фароҳам мекунад ва мардум метавонанд маводро дастрас намоянд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфт
Дар мавриди ниқобҳое, ки бо оби нуқра пӯшонда шудаанд, Раҳимӣ гуфт, бевосита худи Академия корхона надорад, аммо бо тавлидгарони ниқоб дар ин бахш ҳамкорӣ дорад.
Ӯ дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки олимони кишвар 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.
“Азбаски дар кишвар, мо озмоишгоҳи муҷаҳҳази вирусологӣ ва штамми ин вирусро надоштем, исбот кардан, ки моддаи мо дар ҳақиқат зидди ин ин вурус мубориза барад, ё онро нобуд созад, ғайриимкон аст”, - илова намуд Раҳимӣ.
Президенти Академияи миллии илмҳо таъкид намуд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани иммунитет мусоидат мекунанд ва ба гуфта ӯ дар мубориза бо коронавирус муҳим он аст, ки иммунитет баланд бошад.
Лентаи хабарҳо
0