Рустам дар 30 сония рақиби қирғизашро буғӣ кард - видеои набард

Обуна шудан
Варзишкорони Осиёи Марказӣ ба мухлисони худ рақобатҳои диданӣ пешкаш карданд
Рӯзи 26 июл дар Маскав сабқати бузури "Колизей: Рақобати қаҳрамонон" байни паҳлавонони Русия, Осиёи Марказӣ ва ИДМ баргузор шуд.
Дар ин задухурдҳо асосан намояндагони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ва аксари рақобатҳо сарфи назар аз дард ва захмбардорӣ чанд бахш идома кард.
Болеян Чоршанбиевро буғӣ кард: ӯ ҳатто "тап-тап" накард - видео
Аммо набарди Рустам Маҷидов аз Тоҷикистон ва Жеңиш Юнусов аз Қирғизистон камтар аз як дақиқа идома кард.
Қирғизистонӣ аз сонияҳои аввал рақибро ба замин хобонду бо пойҳояш "баст".
Чоршанбиев аз маҳалчигӣ гуфту тоҷиконро ба иттиҳод даъват кард: Тоҷикистонро дӯст медорам
Аммо, Маҷидов тавонист аз "чанголи мор" берун ояд ва Юнусовро буғӣ кунад.
Паҳлавони қирғиз ба табиб ниёз надошт, аммо тӯли чанд сония аз ҳуш рафт. Вохӯрӣ бо пирӯзии намоёни паҳлавони тоҷик Рустам Мачидов хотима ёфт.
Лентаи хабарҳо
0