Зодрӯзи Владимир Бидило ва Кароматулло Олимов: рӯзи 27 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 27 июля
День 27 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи 27 июл дар Ветнам – Рӯзи қурбониён мебошад. дар ин рӯз аввалин маротиба барои назорати парвози ҳавопаймоӣ қутбнамои радиоӣ истифода шуд

Рӯзи 27 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1694 дар Англия бо қарори Парлумони ин мамлакат "Бонки Англия" таъсис дода шуд.
Соли 1789 аввалин мақомоти давлатии иҷроияи ИМА — шуъбаи робитаҳои хориҷии ИМА таъсис ёфтааст.
Соли 1920 аввалин маротиба барои назорати парвози ҳавопаймоӣ қутбнамои радиоӣ истифода шуд.
День 25 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Зодрӯзи Фаридуддин Аттор ва Юнусалӣ Эргашев: 25 июл дар таърих
Соли 1949 ҳавопаймои мусофирбари "Комет" аз ширкати ҳавопаймоии Британияи Кабир "Де Хевилленд" аввалин маротиба парвози баръакси худро ба роҳ монд.
Соли 1965 Президенти вақти ИМА Линдон Бейнс Ҷонсон лоиҳаи қонунеро имзо намуд, ки аз истеҳсолкунандагони тамоку талаб мекунад, то дар қуттии он "Тамоку ба саломатии шумо зарар дорад" навишта шавад.
Соли 2010 дар Қирғизистон Конститутсияи нав қабул гардид.

Рӯзи 27 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ва мардуми мамлакат муроҷиат кард.
Соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда – 2" сафар карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуд.
День 24 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Манъи андоз аз тиреза ва ҳамдардии Раҳмон бо Ғанӣ: 24 июл дар таърих
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 июл

Дар Ветнам – Рӯзи қурбониёни расидан ба истиқлолият.

Рӯзи 27 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1926 - Владимир Бидило, наворбардор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Соли 1944 - Кароматулло Олимов, доктори илми фалсафа, профессор, арбоби давлатӣ.
Соли 1957 - Мирсаид Яҳёев, мураббии таэкван-до, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0