Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Тоҷикистон дар бораи қабули афғонҳое, ки бо ИМА кор мекарданд, тасмим нагирифтааст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксГлава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
ВКХ Тоҷикистон масъалаи қабули шаҳрвандони Афғонистонро, ки бо ИМА ҳамкорӣ мекарданд, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Масъалаи қабули шаҳрвандони Афғонистон, ки бо низомиёни ИМА ҳамкорӣ мекарданд, баррасӣ нашудааст, гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Беженцы из провинции Газни в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Сарбозон ва мардуми осоишта борҳо аз сабаби ҳамлаи ҷангиён марзи Тоҷикистонро убур кардаанд.
Таджикистан принял беженцев из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
Дар аввали моҳи июл мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муроҷиат карданд, ки 9000 сокини афғонро, ки ба амрикоиҳо кумак мекарданд, қабул кунанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала